Бино ба иттилои расонаҳо, теъдоди ҳолатҳои тасдиқгаштаи  илтиҳоби  шуш, ки ангезандааш 2019-nCoV  мебошад, рӯзи сешанбе дар Чин беш аз 81 ҳазорро ташкил додааст. Мутобиқи гузориши Созмони ҷаҳонии  тандурустӣ  шумораи ҳалокшудагон беш аз ба 7900 нафар расидааст.

Иттиллотӣ бештарро дар сомонаи: Coronavirus COVID-19 Global Cases by the Center for Systems Science and Engineering (CSSE)

Айни замон озмоишгоҳҳои вирусологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳоли омодабош қарор дошта, дар мавриди пайдо шудани нафарони  гумонбар ба коронавирус  онҳо ба ташхис фаро гирифта мешаванд.

Воситаи дақиқи гузаштани коронавируси нав айни замон маълум нест, аммо вирусҳои омӯхташуда тариқи ҳавоӣ-қатраӣ аз одам ба одам мегузаранд.

Ӣаҳри пешгирии ин беморӣ ташкилти ҷамъиятии «Имкониятҳои баробар» тасмим гирифтааст, ки дар байни аҳолӣ доир ба роҳҳои гузариш ва ҳифзи саломатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронад. Доир ба чорабиниҳои машваратӣ маълумоти муфассалро  дар сомона ва саҳифаи мо дар Фейсбук пайгирӣ намуда метавонед.

Худро эҳтиёт намоед.

Инфографика: ASIA-PLUS 

2020-03-18T09:13:46+00:00